ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва оиди татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Холмурод Муродов»-и ҷамоати шаҳраки Обикиик вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 26-уми декабри соли 2018 бармеояд, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ба фаъолият оғоз кардани чархаи якуми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” андешаронӣ намуданд.
Дар ҳудуди маҳалла Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳандозӣ гардида, то имрӯз як қатор корҳои ободонӣ, аз қабили ободу зебо гардонидани гирду атрофи хонаҳои истиқоматӣ корҳои созандагиву ободонӣ анҷом дода шуда, барои аёдату расонидани кӯмак ба оилаҳои ниёзманди ҷомеа, маъюбону беморон, ятимону шахсони яккаву танҳо маслиҳатҳои судманд дода шуд.