БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёми Пешвои миллат дар таъмини пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ саҳми назаррас хоҳад гузошт

Н.ХУСРАВ. Тибқи ҷадвали тасдиқшудаи Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гурӯҳи корӣ бо роҳбарии  Назаров  Изатулло мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Хатлон»  Асалмо  Сафарова, сармухаррири маҷаллаи  «Сафо»  Латофат Чориева,   сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Дӯстлик» Тошмат Темиров,    корманди Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  вилояти Хатлон О.Тоирзода барои баргузории суҳбату вохӯриҳо ҷиҳати  ба  сокинони ноҳия шарҳу тавзеҳ додани Паёми Прездиенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  26 декабри  соли  2018  ба  ноҳия ташриф оварданд.

Дар  толори Қасри фарҳанги ноҳия вохӯрии гурӯҳи корӣ бо роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ,  раисони маҳаллаҳо сокинони ҷамоати деҳоти  Фирӯза  бо иштироки зиёда  аз  400 нафар баргузор гардид.  

Ҷаласаи вохӯриро раиси ноҳияи Носири Хусрав узви  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  вилоят ва ноҳия Садриддинзода  Нуриддин Талбак ифтитоҳ намуда, мақсади баргузории вохӯриро фаҳмонид.

Зимни суханронӣ  масъулин қайд  намуданд, ки  дар Паёми худ Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян карда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Дар  баргузории   вохӯрӣ  раиси  Кумитаи иҷроияи   ҲХДТ  дар  ноҳия Алиева  Сураё  ҳамчун  иштирокчии  Паёми  имсолаи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистони иштирок дошта, зикр  намуда, ки бо  мақсади  вусъат  бахшидани  инкишофи инфрасохтори  деҳот пешниҳод гардид, ки  солҳои  2019-2021 Солҳои  рушди  деҳот, сайёҳӣ ва  ҳунарҳои  мардумӣ эълон  карда  шуд.  Бо  имкониятҳои   табии  ҷумҳурӣ  бо  шуғл  фаро  гирифтани  аҳолии  қобили  меҳнат, баланд бардоштани  сатҳи  зиндагии  мардум  барои  рушди  сайёҳи ҳамаи  имконияту  шароит  фароҳам  оварда  шуданд.

  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg