БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиён, ки сари миллати тоҷикро хӯрданӣ буданд, ахиран сари худро хӯрданд.

ВОКУНИШ. Имрӯз аз тариқи воситаҳои ахбори омма мехонем, ки хоинони миллат – наҳзатиёне, ки аз ҷазо гурехта дар Аврупо паноҳ мебаранд, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати давлату миллати тоҷик суханони тӯҳматомезро  паҳн намуда, бо ин роҳ мехоҳанд нуфӯзи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ паст намоянд. Тоҷикистонро дар чашми ҷаҳониён давлати ғайри демократӣ, ки ҳуқуқи инсон ҳифзу ҳимоя карда намешавад, нишон диҳанд. Чунин як дурӯғу буҳтонҳои ноҷавонмардона дирӯз аз тарафи Муҳиддин Тиллозода аз тариқи ютуб садо дод. Вале ҳақиқат ҳеҷгоҳ пинҳон намемонад. Дер ё зуд он ошкор мегардад. Баъди кӯшиши табадуллоти давлатӣ моҳи сентябри соли 2015 аз тарафи саркардагони наҳзатӣ ва амали террористии нисбати сайёҳон дар ҳудуди ноҳияи Данғара баамаломада натанҳо фикри сокинони кишвар балки муносибати сарони дигар давлатҳоро нисбати ин ҳизб дигар намуд. Аксар имрӯз ин ҳизбро ҳамчун ҳизби террористӣ мешиносанд ва ба сухани бардурӯғи онҳо, ки барои худсафедкунӣ баён ва паҳн менамоянд бовар намекунанд.

Онҳое, ки аз тариқи садо ва симо сири ин ҳизб, ҳақиқати ҳолро ошкор месозанд Муҳиддин Кабирӣ ва думравонаш онро ба дигарон дигаргуна шарҳу тавзеҳ медиҳанд.

Аз тариқи интернет кӯшиши намояндаи ҲНИ-ро дидем, ки баъди ҷаласаи ОБСЕ мехост бо собиқ муболиғини ин ҳизб акси якҷоя бардорад. Ин аксро ӯ барои хотира не, балки барои бофтаю сохта ва паҳн намудани сухани тӯҳматомез анҷом додани буд. Боиси қаноатмандист, ки намояндагони Тоҷикистон ба ин кор садди роҳ шуданд. Ин амал боиси кашокаш ва шаппотӣ хурдани намояндаи ТТЭ ҲНИ гардид. 

Ҷасорат, ҳисси баланди ватандӯстӣ намояндаи Тоҷикистонро водор намуд, ки садди роҳи аксбардории наҳзати гардад. Мо ба ӯ барои ин амалаш садҳо ташаккур мегӯем. Агар дар ҷойи намояндаи Тоҷикистон ҳар як фарди баномус  мебуд, ба хотири қадру қиммати Ватани азиз, ва миллати азияткашидааш ҳамин корро анҷом медод. Дар охир ба роҳбари ПМТ, аниқтараш Паймони Муҳиддин тиллозода таъкид карда гуфтанием, ки:

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

Солҳои навадум қариб буд сари миллатро хӯранд, аммо ин дафъа сари худро хурданд.

Сафар Халилов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg