Ш.ШОҲИН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Зулмобод тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ баҳри расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, масъулин Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар назли иштирокдорон шару тавзеҳ дода, аз суханрониҳои дар Паёми Пешвои миллат дар бораи самаранок истифода бурдани замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва азхудкунии заминҳои нав, баланд бардоштани ҳосилноки зироатҳо ва рушди соҳаи тухмипарварӣ, зиёд кардани масоҳати гармхонаҳои доимоамалкунанда ва шумораи сардхонаҳо барои нигоҳдории меваю сабзавот оид ба беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ ва афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти он чораҳои қатъӣ ва фаврӣ андешида шавад, ёдоварӣ намуда, сокинонро барои рушди хоҷагидориву кишоварзӣ, таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо сабзавоту меваҷоти тару тоза, самаранок истифода бурдани заминҳои корам, ки ин ҳама аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошанд, раҳнамоӣ намуданд.