![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/023%20%284%29.jpg?itok=C2Yf5qs7)
ШАҲРИТУЗ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и деҳаи Тоҷикободи ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назарови ноҳия, вохӯрии муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз бо ҳизбиёни муассисаи мазкур гузаронида шуд.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он Пешвои миллат соҳаи илму маорифро соҳаи афзалиятноки ҷомеаи муосир унвон намуданд, андешаронӣ карда, устодону омӯзгоронро барои ҷидди будан дар ва таълиму тарбияи хонандагон, содиқона хизмат намудан ба халқу Ватанро роҳнамоӣ намуданд.
Инчунин, дар идомаи суҳбат самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” баррасӣ карда шуданд, ки аз суханрониҳои масъулин иштирокдорон ба ху таассуроти нек бардоштанд.