ҶАЙҲУН.Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии Умари Хаёми Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳия бо иштироки мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳия Бекмамадов Асалмамад ва мутахассиси шӯъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгирии КИ ҲХДТ дар ноҳия Зайдуллоев Муҳамадҷон хониши сиёсӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Дар рафти чорабинии хониши сиёсӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов А. ва Зайдуллоев М. вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал баромад намуда, доир ба мавзӯи чорабини қайд карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26 декабри соли 2018 иброз доштанд, ки дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 фоиз афзоиш ёфт. Дар робита ба ин ва бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад. Вобаста ба ин, зарур аст, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад.
Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат иброз доштанд, ки ҳоло ҳиссаи ночизи пахтаи истеҳсолшуда дар дохили кишвар коркард шуда, имкониятҳои мавҷуда, алалхусус, дар самти таъсиси ҷойҳои корӣ дар соҳаи нассоҷӣ ба таври кофӣ истифода нашудаанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ солҳои охир ҳамагӣ 10-12 фоизи нахи пахта дар дохили кишвар коркард мешавад. Соли 2018 содироти нахи пахта назар ба соли гузашта ду баробар афзудааст. Бинобар ин Президенти мамлакат дар Паёми навбатии худ қайд намуданд, ки пахтаи истеҳсолшуда дар дохили ҷумҳурӣ коркарда шавад.
Дар баробари чорабинии хониши сиёсӣ ҳамчунин Аксияи тарғиботӣ – амалии ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем» баргузор гардид.