БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Октябр 2018

Вохӯриҳо дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ФАРХОР. Дар асоси ҷадвали тасдиқшуда вохӯрӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Самартранс -18» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” сокинонро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд

ТЕМУРМАЛИК. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ   таҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!» ҳалли пурраи  худро ёфта истодааст .

Хизмат ва Ватан-Модар қарзи имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмард мебошад

ПАНҶ. Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ  яке аз ҳадафҳои олии кишвар маҳсуб ёфта, он ҳамаҷониба дар  ҳама сатҳои қишрҳои ҷомеаи имрӯза амали шуда истодааст. Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия низ дар самти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон саҳмгузор мебошад.

Тарроҳону чеварони гулдасти деҳот ба озмунҳои ҳизбӣ омодагӣ мебинанд

Н.ХУСРАВ. Бо мақсади иҷрои нақша -чорабиниҳои  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал дар деҳаи  Муродтеппаи ҷамоати деҳоти Фирӯзаи ноҳия бо сокинони маҳал вохӯрӣ ва чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ  доир гардид.

Дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои барномавии ҳизб мароми мост!

МӮЪМИНОБОД. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ХҲДТ дар ноҳияи Муъминобод бо истиқоматкунандагони ҷамоати деҳоти ба номи  Ш.Шоҳини ноҳияи Муъминобод тибқи ҷадвали баргузории  хонишҳои сиёсӣ  дар ташкилоту муассисаҳо  ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия дар ҷамоати мазкур  мулоқот   баргузор гардид.

Мардум ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ шавқи баланд доранд

 ЛЕВАКАНТ. Мувофиқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии «Гулафшон»  бо иштироки  сокинони  кӯчаҳои баландошёнаи  Сомони 26, 28 чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо як шаҳомати хоса баргузор гардид.

Идомаи намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал

КӮЛОБ. Тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳо дар маҳаллаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб  намоиши ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб иштирок ва суханронӣ намуданд.

ҲХДТ – бунёдгари ормонҳои чандинҳазорсолаи миллат аст!

ҚУБОДИЁН. Дар  деҳаи Қиёти ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён тибқи нақша-чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён  бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Маҳмадаюб  оид   ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ки ҳамчун барномаи мукаммали рушди тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ маънидод карда мешавад, вохӯрӣ баргузор гардид.

ҲХДТ –ҳизби пешсафу ташаббускор дар ҷомеа

ДӮСТӢ. Кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Пасариқ” хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Мавқеи мубориза ба ҷиноятҳои кибернетикӣ дар меҳвари сиёсати умумисайёравӣ

ДАНҒАРА. Бо мақсади татбиқи сифатноки нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар Нозироти андози ноҳияи Данғара хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg