БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Идомаи намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал

КӮЛОБ. Тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳо дар маҳаллаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб  намоиши ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аз ҷониби иштирокчиён қайд кард, ки хушбахтона, ин пешниҳоди Пешвои миллат иқдоми наве барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъмини рӯзгори моддии мардум ва сайёҳӣ дар дохили кишвар мебошад. Ҳадафи асосии эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ин муаррифӣ намудани фарҳангу ҳунарҳои қадима ва волои мардуми Тоҷикистон ба ҷаҳониён, манзараҳои зебову табиати нотакрори он, минтақаҳои дорои аҳамияти сайёҳии экологӣ ва сайёҳии таърихӣ-фарҳангӣ мебошад.

Дар доираи татбиқи иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ то имрӯз даҳҳо марказҳо, сехҳо ва коргоҳҳои ҳунармандон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ташкил шуда, ба фаъолият оғоз намудаанд.

Дар ин марказҳо аз рӯи усули анъанавии миллии "устод-шогирд" шогирдон тарбия меёбанд.

Бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ ҳар як фарди худогоҳро зарур ва лозим аст, ки дар муаррифии Тоҷикистони биҳиштосо, табиати нотакрори он, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ саҳми арзандаи хешро гузорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg