БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои барномавии ҳизб мароми мост!

МӮЪМИНОБОД. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ХҲДТ дар ноҳияи Муъминобод бо истиқоматкунандагони ҷамоати деҳоти ба номи  Ш.Шоҳини ноҳияи Муъминобод тибқи ҷадвали баргузории  хонишҳои сиёсӣ  дар ташкилоту муассисаҳо  ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия дар ҷамоати мазкур  мулоқот   баргузор гардид. Дар мулоқот сараввал самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ -ҳамчун ҳизби пешоҳанги ҷомеа, тарғиби урфу анъанаҳои миллӣ, тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон, ба дарки падару модарону ҷавонон расонидани моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ- ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ва омили асосии нигоҳ доштани сулҳу субот, амнияти кишвар, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди терроризм, пешгирии гаравиш ба  ҳизбу ҳаракатҳои  дар кишвар мамнуъ, хусусан ТЭТ ҲНИ ва расидан ба қадри оромии кишвар ва Ваҳдати миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар мулоқот  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод Рамазон Ҳайдаров иштирок  намуда, вобаста ба масъалаҳои ҷорӣ суханронӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg