БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мавқеи мубориза ба ҷиноятҳои кибернетикӣ дар меҳвари сиёсати умумисайёравӣ

ДАНҒАРА. Бо мақсади татбиқи сифатноки нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар Нозироти андози ноҳияи Данғара хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Зимни суханронӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмуҳаммад оид ба моҳияти таърихӣ ва умумиҷаҳонии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ ҳамчун таҷрибаи бузурги сулҳофарии халқи тоҷик, ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Тоҷикистон дар масоили об, ифротгароӣ ва терроризм ҳамчун хатари бузурги байналмилалӣ, ҷиноятҳои кибернетикӣ ва таъсири он оид ба  тағйир ёфтани вазъи сиёсӣ дар марҳилаи нави сиёсати умумисайёравӣ ибрози андеша кард.

Мавсуф зикр кард, ки асри XXI  дар меҳвари худ бо вуҷуди пешравиҳои азим, ҳаракати нави муборизаҳоро тавлид намудааст, ки бо номи ҷиноятҳои кибернетикӣ машҳур ва ҷаҳони иттилоотиро ба таҳлука овардааст. Танҳо амалҳои мантиқона ва мутахассисони сатҳи баланди касбии соҳавидошта метавонанд, соҳаҳои алоҳида ва дар маҷмуъ давлатро аз чунин ҳаракатҳои махсусан хатарнок ҳимоя намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg