БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ –ҳизби пешсафу ташаббускор дар ҷомеа

ДӮСТӢ. Кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Пасариқ” хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Зимнан масъулин оид ба сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМК Бадахшон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  пешгирӣ аз хатарҳои экстремистӣ-террористӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона, ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, тарбияи дурусти фарзандон дар роҳи  ватандӯстиву худогоҳии миллӣ, пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ҳамчун омили  хатарнок дар ҷомеа, озмунҳои ҳизбӣ ва роҳандозии  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  андешаронӣ карда,  иштирокдоронро барои дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ  бо ҷалби шахсони саховатманд, фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ даъват намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg