БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хизмат ва Ватан-Модар қарзи имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмард мебошад

ПАНҶ. Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ  яке аз ҳадафҳои олии кишвар маҳсуб ёфта, он ҳамаҷониба дар  ҳама сатҳои қишрҳои ҷомеаи имрӯза амали шуда истодааст. Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия низ дар самти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон саҳмгузор мебошад. Дар ин замина Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ҳамдастӣ бо намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар маҳаллаи Куҳдомани ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов бо иштироки сокинон ва  ҷавонони маҳал  чорабинии сиёсӣ роҳандозӣ намуд.

Ҳамзамон, дар ҷараёни чорабинӣ намояндагони КИМ ҲХДТ Расулов Исматулло  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумит ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе,  роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и дар ноҳияи Фирдавсӣ, муовини роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Рӯдакӣ Салимов Шуҳрат  иштирок  намуданд.

Сараввал ҷавонон бо шеърхонӣ дар васфи Ватан, ваҳдат, истиқлолият ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат меҳмононро пазируфтанд.

Зимнан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзиев Каримҷон чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ- хизмат дар сафи Артиши миллӣ- ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагии ҳар як ҷавонмарди бонангу номуси кишвар мебошад, суханронӣ намуд.

Дар ин росто, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳизбиён, фаъолон ва тамоми  аҳли ҷомеа буда, тақдири миллат, таъмини сулҳу субот, ободиву осудагӣ  аз ҳимояи Ватан вобаста аст.

Бояд ба ҷавонон фаҳмонда шавад, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат  шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад.

Меҳмонон дар баромадашон қайд намуданд, ки Ватани азизи мо-Тоҷикистон соҳибистиқлол ҳамчун хонаи умеди  тамоми тоҷикони ҷаҳон буда, ҳифзи марзу буми он вазифаи муқаддасӣ шаҳрвандӣ мебошад. Мебояд, ки ҷавонони мо- садоқат ба Ватан, самимият ба Президент, ба миллат  ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллиро ҳадафи асосии худ интихоб намоянд.

Дар идома  аз тарафи масъулони Кумитаи иҷроия оид ба бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм андешаронӣ гардид.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ  бо намоиши театрикунонидаи ҷавонони маҳал, сароидани сурудҳои ҳарбӣ- ватандӯстӣ, машқҳои ҳарбӣ, саҳначаҳои тарбиявӣ дар мавзӯъи хизмат Ватан-Модар  хотима  ёфт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg