БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардум ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ шавқи баланд доранд

 ЛЕВАКАНТ. Мувофиқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии «Гулафшон»  бо иштироки  сокинони  кӯчаҳои баландошёнаи  Сомони 26, 28 чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо як шаҳомати хоса баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Сайҷаъфар ва  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ иштирок ва суханронӣ намуданд.  

Зимни суханронӣ Ватанзода Сайҷаъфар   раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ибрози андеша намуд, ки мақсад аз баргузории чорабинӣ эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ташаккули ҷаҳонбинии сиёсӣ, ҷиҳати дарки саривақтии ҷомеа, зуҳуроти номатлуб ва оқибатҳои ногувори он, даъвати  аскарбачаҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷкистон, инчунин дар ин раванд самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ-ро ба ҳозирин фаҳмонид.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, Сипосномаи  раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Левакант тақдим карда шуд. Чамъомади идонаро бо ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, барномаи консертии устодони санъат ва ҳунармандони бахши фарҳангӣ шаҳри Левакант ҳусни тоза бахшиданд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg