БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

06 Январ 2021

ВАКИЛОН БА СУОЛУ ДАРХОСТҲОИ СОКИНОН ПОСУХҲОИ МУШАХХАС ДОДАНД

Н.ХУСРАВ. Вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Зафар ва Холбойзода Неъматулло дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 бо  интихобкунандагони Ҷамоати деҳоти  Наврӯз баргузор  гардид.

ДАР ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ МО САРФАКОРЕМ

ХОВАЛИНГ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани зарурат ва аҳамияти истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ ва роҳҳои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар деҳаҳои Шехмизон ва Ҷомбахти  Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт ба тариқи “хона ба хона” суҳбат доир намуданд.

АЗ COVID - 19 ЭҲТИЁТ БОШЕД!

ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣӣ бо волонтёрон ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”  оид ба пешгирии паҳншавии эпидемияи нави коронавируси (COVID – 19) ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар Ҷамоати шаҳраки Фархор дар доираи Аксияи ҳизбии “Солимии миллат боигарии давлат” бо усули “хона ба хона” гардиш доир намуданд.

ВОХӮРИИ ВАКИЛ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

КӮШОНИЁН. Ба хотири бештар иттилоотонии мардум  ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ, муқовимат бо пандемияи коронавирус, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  сокинону фаъолони Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён   вохӯрии судманд анҷом дод.

ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲО АСТ

ЁВОН. Тайи чанд рӯз аст, ки дар ноҳияи Ёвон вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи “Ёвон-29” Азимзода Толибхон Ситамурод бо интихобкунандагон баргузор гардида истодааст.

ИСТИФОДАИ САРФАКОРОНАИ НЕРУИ БАРҚ БУҶАИ ОИЛАРО ҒАНӢ МЕГАРДОНАД

ВОСЕЪ. Вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар якҷоягӣ бо гурӯҳи корӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 29-и деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсов  бо фаъолони деҳа омӯзгорон  доир гардид.

ВОХӮРӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН СУДМАНД АНҶОМ ЁФТ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар Ҷамоатҳои деҳоти Калинин ва Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар ва Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз Қурбонзода бо интихобкунандагон баргузор гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg