БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲО АСТ

ЁВОН. Тайи чанд рӯз аст, ки дар ноҳияи Ёвон вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи “Ёвон-29” Азимзода Толибхон Ситамурод бо интихобкунандагон баргузор гардида истодааст.

Вакили мардумӣ зимни суханронӣ дар назди  фаъолони Ҷамоати деҳоти Даҳана иброз намуд, ки соли 2021 барои мардуми сарбаланду бошарафи тоҷик соли тақдирсоз ва басо гуворо аст, зеро ки имсол мо ҷашни бошукӯҳу таърихии 30- солагии Истиқлолияти давлатиро ҷашн мегирем. Ба ин муносибат дар ҳама гӯшаву канори кишвар корҳои созандагиву бунёдкорӣ мароми тоза дошта, халқи сарбаланди тоҷик аз пайравӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, гӯшаеро обод сохта истодаанд.

Ҳамчунин, дар рафти суханронӣ аз ҷониби вакил оид ба  сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, муқовимат бо пандемияи каронавирус, истиқбол аз 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, роҳандозӣ намудани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” андешаронӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg