Н.ХУСРАВ. Вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Зафар ва Холбойзода Неъматулло дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 бо интихобкунандагони Ҷамоати деҳоти Наврӯз баргузор гардид.
ХОВАЛИНГ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани зарурат ва аҳамияти истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ ва роҳҳои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар деҳаҳои Шехмизон ва Ҷомбахти Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт ба тариқи “хона ба хона” суҳбат доир намуданд.
ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣӣ бо волонтёрон ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” оид ба пешгирии паҳншавии эпидемияи нави коронавируси (COVID – 19) ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар Ҷамоати шаҳраки Фархор дар доираи Аксияи ҳизбии “Солимии миллат боигарии давлат” бо усули “хона ба хона” гардиш доир намуданд.
КӮШОНИЁН. Ба хотири бештар иттилоотонии мардум ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ, муқовимат бо пандемияи коронавирус, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинону фаъолони Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён вохӯрии судманд анҷом дод.
ЁВОН. Тайи чанд рӯз аст, ки дар ноҳияи Ёвон вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи “Ёвон-29” Азимзода Толибхон Ситамурод бо интихобкунандагон баргузор гардида истодааст.
ВОСЕЪ. Вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар якҷоягӣ бо гурӯҳи корӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 29-и деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсов бо фаъолони деҳа омӯзгорон доир гардид.
Ҷ.БАЛХӢ. Дар Ҷамоатҳои деҳоти Калинин ва Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар ва Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз Қурбонзода бо интихобкунандагон баргузор гардид.
БАРОИ ПЕШРАФТ ВА
САОДАТИ ХАЛҚИ
ТОҶИКИСТОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: info@hkhdtkhatlon.tj
viloyathkhdtkhatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-94-19 Fax: (83222) 2-12-12