БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ ВАКИЛ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

КӮШОНИЁН. Ба хотири бештар иттилоотонии мардум  ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ, муқовимат бо пандемияи коронавирус, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  сокинону фаъолони Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён   вохӯрии судманд анҷом дод.

Шодиён Муҳаммад Султонзода вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки чи тавре маълум аст, солҳои охир тағйирёбӣ ва гармшавии иқлим босуръат идома дошта, ба табиат ва иқтисодиёти пайомадаҳои зарароварро ба бор овардааст.Фаслҳои таримоҳу зимистони солҳои 2019-2020 дар минтақаҳои ташаккулёбии маҷрои дарёҳои Вахш ва Панҷ боришоти барф нисбат ба солҳои гузашта то 50% кам гардид, ки оқибат имрӯзҳо, дар обанбори Норак захираи об нисбат ба соли гузашта 17 метр кам мебошад. Мусаллам аст, ки фасли зимистон нисбат ба тобистон мушкилоту сахтиҳои хоси худро дорад. Зимнан, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини шабонарӯзии барқро ба ахолӣ дастур додааст, аммо паси сар намудани ин тангдастиҳои табиӣ моро водор месозад, ки ба истифодаи самараноки қувваи барқ муттахид бошем. Яъне, имрӯз бо истифодаи сарфакоронаи неруи барқ мо метавонем, мушкилоти фасли зимистонро пешгирӣ ва ё истодагарӣ намоем, инчунин бори дигар такрор мекунам, ки  вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки сарвати бебаҳоро бо сарфаву эҳтиёткорона истифода бурда, ҳаққи хизматрасонии барқро саривақт ва бовиҷдонона пардозем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg