БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САРФАКОРОНАИ НЕРУИ БАРҚ БУҶАИ ОИЛАРО ҒАНӢ МЕГАРДОНАД

ВОСЕЪ. Вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар якҷоягӣ бо гурӯҳи корӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 29-и деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсов  бо фаъолони деҳа омӯзгорон  доир гардид.

Дар ин вохӯрӣ баромадкунандагон муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШСХК “Барқи тоҷик”-ро оид ба сарфакорона истифодабарии неруи барқ расонида, инчунин ҷиҳати пешгирӣ аз хуруҷи дуюмбораи бемории сироятии (COVID - 19), истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ ибрози ақида намуданд ва аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки барои бе мушкилот паси сар кардани фасли зимистони дарпешистода дар рӯзгори ҳаррӯзаашон  аз сӯзишвориҳои табиӣ истифода бурда, неруи  барқро самаранок истифода баранд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg