БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ НАВБАТИИ ШӮРОИ СОБИҚАДОРОН ДАР ЁВОН

Ёвон:  Дар ноҳияи Ёвон маҷлиси навбатии Шӯрои собиқадорони ҲХДТ баргузор гардид, ки дар он Саидзода Ҷамшед раиси ноҳия,  узви КИ ҲХДТ, иштирок намуданд. Дар маҷлис аъзои Шӯрои мазкур раиси феълии худ Қутбиддин Сафархоловро боз ба муҳлати 2,5 соли дигар ба вазифаи раисӣ интихоб карданд.

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Дӯстӣ: Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, бо иштироки кормандони масъули Кумита дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаҳои "Пасариқ" ва "Қаҳрамон"-и ҷамоати деҳоти Г. Гулмуродов маҷлиси ҳисоботӣ ва интихоботии ташкилотҳои ибтидоии мазкур баргузор карда шуд.

ТОҶИКИСТОН ВА ПЕШРАВИҲОИ ОН ТУЛИ 30-СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

АНДЕША: Хурсандибахш аст, ки Тоҷикистони азизи мо, 30 – сола мешавад. Дар ин муддат чӣ мушкилиҳоро халқи мо паси сар карданд. Дастовардҳои  азими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии тоҷикон дар тули ин солҳо ба шарофати сиёсати оқилона ва бохирадонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

БАРГУЗОРИИ АМАЛИЁТИ “ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ“

  

ДАНҒАРА:Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  Муассисаи таълимии давлатии Гимназияи Ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара, амалиёти “ Шаҳодатномаи ҳизбӣ  - ифтихори ман” гузарониданд.

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ - ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ДАНҒАРА:  Кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқати  ноҳия иштирок ва суханрони намуданд.

ЗАН -САРЧАШМАИ ЛАТОФАТУ САДОҚАТ БАРОИ БАШАРИЯТ

АНДЕША: Зан нафаре аст, ки вуҷудаш саршор аз муҳаббат, меҳр, каромат, шарофат ва латофат буда, барои ҳастии сайёра чун сутуни устувор бори зиндагиро таҳаммул менамояд. Ӯ фариштаест, ки боли пурмеҳру нозашро барои башарият мекушояд. Вай арзишмантарин ва қиматтарин неъмати дунёст, ки манбаи муҳаббати беканору чашмаи мусаффояш ҳамчун махзани ганҷ барои башарият мебошад.

ИДОМАИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ

Восеъ: Дар асоси ҷадвали тасдиқшуда, оид ба баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МТМУ №14”-и ҷамоати деҳоти Абди Авазови ноҳия маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ бо иштироки кормандони масъулин баргузор гардид.

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ПОЯИ СУЛҲУ СУБОТ

 АНДЕША: Дар ростои таҷлили ҷашни бузурги миллӣ, Рўзи Ваҳдати миллӣ ҳамаи ҳамватанони азизро бо ин ҷашни фирӯз табрик намуда, орзуманди онам, ки дар Тоҷикистон ҳамеша сулҳу ваҳдат ва муттаҳидӣ абадӣ бошад.

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ИНТИХОБОТИИ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ БЕМОРХОНАИ ПУСТИ НОҲИЯ

Ҷ.Балхӣ: Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Беморхонаи пусти ноҳия бо иштироки масъулини Кумита иҷроия маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид. Маҷлисро масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ кушода, оид ба фаъолияти ташкилот дар шашамоҳаи аввали соли 2021 ҳисобот доданд.

ЗАМИНРО САМАРАНОК ИСТИФОДА БОЯД БУРД

Ҷ.Балхӣ: Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар деҳаи Панҷсолаи  Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳия корҳои фаҳмонидадиҳӣ бо усули “Хона ба хона” гузаронида шуд.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg