БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ - ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ДАНҒАРА:  Кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқати  ноҳия иштирок ва суханрони намуданд.

Дар маҷлиси ҳисоботӣ раиси ташкилоти ибтидоии мазкур оид ба фаъолияти шашмоҳаи ташкило ҳисоб доданд. Абдуллозода Қурбоншоҳ аз тарафи аъзои ташкилот  аз нав раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  дар Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат интихоб гардид.  Дар охири маҷлис аз тарафи намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара ба аъзои ташкилот оид ба саҳмгузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ, иштирок хонандагони ташкилоти номбурда дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, тарзи дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоӣ, сари вақт пардохт кардани ҳаққи узвият, аъзо намудани кормандони нав дар ташкилот ва дигар самтҳо маслиҳатҳо дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg