БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН ВА ПЕШРАВИҲОИ ОН ТУЛИ 30-СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

АНДЕША: Хурсандибахш аст, ки Тоҷикистони азизи мо, 30 – сола мешавад. Дар ин муддат чӣ мушкилиҳоро халқи мо паси сар карданд. Дастовардҳои  азими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии тоҷикон дар тули ин солҳо ба шарофати сиёсати оқилона ва бохирадонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Ба тавсиб расидани силсилаи фармонҳои  тақдирсози Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумат, ба фаъолият шурӯъ  намудани парлумони касбӣ ва қабули қонунҳои  нав, таҳия ва амали гардидани Стратегияи милли рушд ва ҳадафҳои рушди ҳазорсола,  силсила барномаи соҳавии умумидавлатӣ, пойдор шудани муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон,  сафарҳои пурсамар ва пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ, супориш, дастур, ёрии ҳамаҷонибаи он ва сари вақт андешидани тадбирҳои  судманд, барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои пешбинишуда заминаи мусоид гузоштанд.Ҳар гуна ҷашнҳои таърихӣ рамзи меҳру садоқат ба имрӯзу оянда, саҳифаҳои нотакрору ибратангези ниёгон, ифодаи эҳсоси ватандорӣ ва муҳаббат ба диёри хеш аст.

Ҷомеаи навини  Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арафаи ҷашнҳои пуршукӯҳи умумихалқию умумимиллӣ 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ, бо роҳнамоӣ ва дастгирии пайвастаи Ҷаноӣи Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта истодааст.

Ҷашни Истиқлолият қабл аз ҳама иди истиқлолияти рӯҳи миллат, истиқлолияти орзуву  ормонҳост. Бо ифтихори 30 – солаги Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳама шаҳру ноҳияҳои корҳои сохтмонӣ бунёдкори бо маром рафта истодааст.

Бешубҳа, ба шарофати ҷашни таърихӣ ҳаёти сиёсӣ – иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва симои Тоҷикистони мо ҷилою таровати тоза бахшид.

Санаҳои муҳими таърихӣ омили ҷиддии ваҳдати миллӣ, шинохти таърих, ташаккули эҳсоси худшиносӣ, ватанпарастӣ, таҳкими рафоқату дӯстӣ, василаи обод гардидани мамлакат ба шумор меравад.

Баробари ин рӯҳияи мардум баланд, тафаккури ҷаҳонбинии онҳо, хоса насли наврас такони мусбат мебинад ва заминаҳои маънавии фатҳи қуллаҳои нав ба вуҷуд меоянд. Истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанӯз кам аст, онро ҳамҷун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ дарк намудан зарур аст. Истиқлолият ин шарафу  номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш аст.

ВОҲИД Дилафрӯз Сафарӣ – муовини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара:

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg