БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИДОМАИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ

Восеъ: Дар асоси ҷадвали тасдиқшуда, оид ба баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МТМУ №14”-и ҷамоати деҳоти Абди Авазови ноҳия маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ бо иштироки кормандони масъулин баргузор гардид.

Сараввал раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба фаъолияти кории ташкилотии ибтидоӣ ҳисобот доданд.

Ҳамзамон, дар рафти маҷлис масъалаи интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ муҳокима гардида, омӯзгори соҳибтаҷрибаи ташкилоти ибтидоии номбурда аз сари нав бо ҷонибдории аъзоёни ҲХДТ Тилабов Ҷурабек раиси ташкилоти ибтидоӣ ҳизбӣ дар МТМУ №14 ноҳияи Восеъ интихоб гардид.

Сипас дар маҷлиси баргузоргардида масъулини ҳизбӣ суханронӣ намуда, аз раиси ташкилоти ибтидоии мазкур даъват ба амал овард, ки оид ба ҷоннок намудани фаъолияти дар ҷодаи гузаронидани корҳои тарғиботӣ, ҳуҷҷатгузории ҳизбӣ ва баланд бардоштани масъулиятнокии ҳар як узви ҲХДТ корбариро афзояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg