Ҷ.Балхӣ: Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Беморхонаи пусти ноҳия бо иштироки масъулини Кумита иҷроия маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид. Маҷлисро масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ кушода, оид ба фаъолияти ташкилот дар шашамоҳаи аввали соли 2021 ҳисобот доданд. Бо тарафдории аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи пуст”-и ноҳия Гадоев Исматулло раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб шуд.
Сипас муовини раиси Кумитаи иҷроия Сулаймонова Лола баромад намуда, оид ба вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоӣ, пардохти саривақтии ҳаққӣ узвият, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ дар назди ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ибрози андеша намуд.