
ДАНҒАРА:Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Муассисаи таълимии давлатии Гимназияи Ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара, амалиёти “ Шаҳодатномаи ҳизбӣ - ифтихори ман” гузарониданд.
Зимни гузаронидани амалиёт шахсони масъул аз мавҷудияти шаҳодатномаи аъзои ҳизб, мувофиқат кардани ному насаби аъзо, ки дар шаҳодатнома дарҷ шудаанд, бо варақаи шахсии аъзои ҳизб, мувофиқат кардани рақами шаҳодатнома бо варақаи шахсӣ, дақиқ муайян кардани супоридани ҳаққи аъзогӣ дар шаҳодатномаи ҳизбӣ ва муқоисаи он бо ведемости пардохти ҳаққи узвият дидан намуданд.