ДАНҒАРА. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара, дар арафаи моҳи Шарифи Рамазон ба аёдати як нафар маъюб, ки дар бемории бистарӣ қарор дорад рафта аз шароит ва зисту зиндагонии он бархурдор гаштанд.
ДАНҒАРА. Дар идомаи корҳои созандагию ободонӣ ва рангу бор намудани деворҳои атрофи ҳар як хона ё ташкилоту муассисаҳо дар доираи татбиқи Аксияҳои ҳизбӣ ва шоиста истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллиамон 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ дар ҳудуди ноҳия бо маром рафта истодааст.
ДАНҒАРА. Дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара маҳфил - озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “ Нақши китоби “Тоҷикон” - и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳанги ва илмӣ таҷлил намудани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯён гузаронида шуд.
ДАНҒАРА. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо дигар намояндагони ташкилоту муассисаҳо дар ҷамоати деҳоти Пушинги деҳаи Пушинг хониши сиёсӣ бо иштироки васеи сокинони ҷамоати деҳоти Пушинг баргузор намуданд.
ДАНҒАРА. Ба истиқболи 110 - солагии шоири сулҳпарвар, Қаҳрамони Халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода миёни хонандагони Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғара иншои беҳтарин дар мавзӯи “ Мирзо Турсунзода вассофи сулҳу дӯстӣ” баргузор гардид.
ВОСЕЪ. Дарси навбатии курси омӯзишии “Созандагони Ватан” бо иштироки роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил”-и ноҳия Мирзоев Сафар дар мавзӯи “Роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ ” баргузор гардид.
ВОСЕЪ. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба истифодаи самараноки замин масулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ аз заминҳои наздиҳавлигии сокинони ҷамоати деҳоти Тугарак дидан намуданд.
ВОСЕЪ. Дар деҳаи Шоҳбикаи ҷамоати деҳоти Тугарак дар асоси иҷрои нақшаи муштараки амалиёти умуминоҳиявӣ оидба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони“Рӯзиёдоварӣ”гузаронида шуд.
ВОКУНИШ. Ворух сарзамини аҷдодии миллати тоҷик буда, мардуми мо аз азал то ба имрӯз дар ин хоки муқаддас зиндагӣ карда истодаанд. Дар ин қаламрав мардуми тамаддунофару бофарҳанг ва меҳмоннавоз гирд омадаанд, ки ин хоки аҷдодиро ҳифзу ҳимоя доранд.
Ш.ШОҲИН. Бахшида ба сазовор таҷлил намудани 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроия дар ҳамоҳангии волонтёрони ҳизбӣ дар қабристони деҳаи Хайркорони ҷамоати деҳоти Шӯрообод аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Поси хотир»-ро роҳандозӣ намуда, гирду атрофи оромгоҳи як чанд иштирокчиёни ҶБВ-ро аз хасу хошок ва дигар алафҳои худрӯй поккорӣ наму
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12