БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КУРСИ ОМӮЗИШИИ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

ВОСЕЪ. Дарси навбатии курси омӯзишии “Созандагони Ватан” бо иштироки роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил”-и ноҳия Мирзоев Сафар дар мавзӯи “Роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ ” баргузор гардид.

Зимни баргузории курс аз тарафи масъулини ҳизбӣ зикр гардид, ки курси мазкур бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ҷалби бештари ҷавонон барои иштирок дар раванди созандагиву бунёдкории кишвар роҳандозӣ гардидааст.

Дар идомаи курс Мирзоев Сафар дар бораи  роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ аз таҷрибаи бисёрсолаи худ мисолҳо оварда, қайд намуд, ки мо бояд ба муқобили бемориҳои сироятӣ, бо саъю талош, яъне бо риояи чораҳои пешгирӣ, риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ, ҷамъиятӣ, парҳез аз рафтуомад ба ҷойҳои серодам мубориза бурда, барои баланд бардоштани масъунияти бадани худ талош варзем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg