ВОСЕЪ. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба истифодаи самараноки замин масулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ аз заминҳои наздиҳавлигии сокинони ҷамоати деҳоти Тугарак дидан намуданд.
Ҳамзамон, мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Иботов Диловар вобаста ба самаранок истифода намудани ҳар порча замин ва аз он рӯёнидани ду- се ҳосил ибрози ақида намуда, ба сокинон варақаҳои таблиғотӣ оид ба истифодабарии самараноки заминҳоро тақсим намуд.
Бояд қайд намоем, ки сокинони меҳнатдӯсти ҷамоати деҳоти болозикр ҳар як порча заминро самаранок истифода намудаанд ва бо ин роҳ метавонанд, зиндагии хуб дошта, буҷаи оилаи хешро ғанӣ гардонанд.