БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МИРЗО ТУРСУНЗОДА - ВАССОФИ СУЛҲУ ДӮСТӢ

ДАНҒАРА. Ба истиқболи 110 - солагии шоири сулҳпарвар,  Қаҳрамони Халқии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Мирзо Турсунзода  миёни хонандагони  Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат  дар ноҳияи Данғара иншои беҳтарин дар мавзӯи “ Мирзо Турсунзода вассофи  сулҳу дӯстӣ” баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Данғара  Раҷабализода Ҳокималӣ  иштирок намуда, аз рафти баргузории иншо дидан намуд. Баъди ҷамъбаст гардидани иншо маълум гардид, ки хонандаи синфи 10-и муассисаи номбурда Шабнами Бахтиёр сазовори ҷоёи якум ва хонандаи синфи  9 -и  ҳамин муассиса Мирзоева  Фарзия сазовори ҷойи дуюм ва Маҳинаи Илҳом сазовори ҷойи  сеюм гардидаанд, ки бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара сарфароз гардонида шуданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg