БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПОСИ ХОТИР

Ш.ШОҲИН. Бахшида ба сазовор таҷлил намудани 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроия дар ҳамоҳангии волонтёрони ҳизбӣ дар қабристони деҳаи Хайркорони ҷамоати деҳоти Шӯрообод аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Поси хотир»-ро  роҳандозӣ намуда, гирду атрофи оромгоҳи як чанд иштирокчиёни ҶБВ-ро аз хасу хошок ва дигар алафҳои худрӯй поккорӣ намуда, дар ҳаққашон дуои хайр намуданд.

Маврид ба зикр аст,ки масъулин дар назди волонтёрони ҳизбӣ зимни баргузории аксия доир ба корнамоиҳои иштирокчиёни ҶБВ аз ноҳия,ки дар амалиётҳои ҳарбии зидди Олмони фашистӣ хизмати шоиста кардаанд, ибрози андеша намуданд. Аз ҷумла дар бораи корнамоиҳои Бобои Иззат ва хизматҳои Қодир Восиев дар таъмини Ғалаба ва  саҳмгузории онҳо дар барқарорсозии баъдиҷангӣ  ҳокимияти Шӯравӣ суханронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg