ДАНҒАРА. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо дигар намояндагони ташкилоту муассисаҳо дар ҷамоати деҳоти Пушинги деҳаи Пушинг хониши сиёсӣ бо иштироки васеи сокинони ҷамоати деҳоти Пушинг баргузор намуданд.
Дар рафти баргузории хониши сиёсӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмуҳаммад ва дигар масъулон оид ба самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, истеҳсоли захираи кофии маводи хурокворӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ дар тамоми қаламрави ноҳия ба муносибати 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” суханронӣ намуданд.