БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РӮЗУ ШАБ ДАР ПАСИ САНГАРЕМ...

АНДЕША. Имрӯз сарҳадчиёни Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон - аввалин муҳофизони хати ҷанг, далерону родмардон, ки Ватанро аз чашми душман муҳофизат мекунанд ва оромиву осоиши миллати тоҷикро таъмин менамоянд, ҷашн доранд. Ҳамеша омодаанд, ки барои ҳифзи марзу буми Ватан ҷон нисор намоянд.

НИГОҲЕ БА ИСТИҚЛОЛИЯТ

АНДЕША.  9-уми сентябри соли 1991чун воқеаи муҳими таърихии сарнавишти миллати тоҷик сабт шудааст: санаи эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин ҳодисаи тақдирсоз аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9 сентябр расман Рўзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

КЎДАКОНИ НАСЛИ ХУШБАХТИ ЗАМОН

АНДЕША. Ҳамасола 1 июн ҳамчун Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон ботантана таҷлил карда мешавад. Тибқи талаботи санадҳои байналмилалӣ ва ҷумҳурии мо низ таҳти   сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кўдакон ба ғамхориҳои зиёде фаро гирифта шудаанд.

ШУКРИ ИСТИҚЛОЛ МЕГӮЕМ

АНДЕША. Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки 30 - сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9-уми сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

ИДОМАИ АМАЛИЁТИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ

ПАНҶ. Баҳри баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳифзи иҷтимоӣ» амалиёти “Шаҳодатномаи ҳизбӣ-ифтихори ман” баргузор гардид.

ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ҲАДАФИ АСОСИИ МОСТ!

ПАНҶ. Бо ташаббуси масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хоҷагии халқи ноҳия» бо аъзо, фаъолони ҳизб вохӯрӣ барпо гардид.

ОБИ ТОЗА ДАРМОНБАХШ АСТ

АНДЕША. Олимону муҳаққиқон дар корҳои илмию назариявии хеш исбот намудаанд, ки оби мусафо-тоза ба организми  инсон ба мисли дору манфиат дорад.

ИСТИҚЛОЛИЯТ БУЗУРГТАРИН ДАСТ МИЛЛАТ

АНДЕША. Истиқлолият нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳуввият, мазҳари ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ, шарафу эътибор ва ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли мо мебошад ва инчунин рамзи олии ватану ватандорӣ буда, миллати тоҷикро бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиро

НАҚШИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

АНДЕША. Фарзанд неъмати бебаҳост, ки ҳаёти мо, инсонҳоро ширин асту лаззати зиндагӣ ва накҳату муҳаббати самимиро эҳсос менамоем. Аз рӯзи ба дунё омадани фарзанд ҳар як волидайн дарҳол дар фикри ояндаи ӯ мешаванд. Зеро фарзанд барои падару модар беҳтарин неъмати бебаҳо ва меваи зиндагист.

ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ...

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дӯстии халқҳо” бо иштироки мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Абдураҳмон Ҳасанов даври умумимуассисавии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg