БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РӮЗУ ШАБ ДАР ПАСИ САНГАРЕМ...

АНДЕША. Имрӯз сарҳадчиёни Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон - аввалин муҳофизони хати ҷанг, далерону родмардон, ки Ватанро аз чашми душман муҳофизат мекунанд ва оромиву осоиши миллати тоҷикро таъмин менамоянд, ҷашн доранд. Ҳамеша омодаанд, ки барои ҳифзи марзу буми Ватан ҷон нисор намоянд.

Ёдовар мешавем, ки 28 майи соли 1994 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати қушунҳои сарҳадӣ таъсис ёфт. Тибқи қонунгузории кишвар ҳамасола 28 май -Рӯзи Қушунҳои сарҳадӣ ҷашн гирифта мешавад. Бо омадани 28 майи соли 2021 таъсисёбии Қушунҳои сарҳадиро 27 сол пур мекунад.

Ҳоло дар қаламрави кишвар 34 гузаргоҳи сарҳадӣ, аз ҷумла 5 гузаргоҳ барои парвозҳои байналмилалӣ, 4 гузаргоҳи байналмилалӣ дар роҳи оҳан, 24 гузаргоҳ дар роҳҳои мошингард ва як гузаргоҳи дарёӣ амал мекунад. Хусусан дар давоми даҳ соли охир дар самти ташкили фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳадӣ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омад. Ҳоло барои фаъолияти муътадили мақомоти давлатии назорати хатти сарҳад ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ ҳамаи шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, аз ҷумла аксарияти гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ва умуман иншооти сарҳадбонӣ бо воситаҳои техникии пешрафтаи назоратӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, кор дар самти ҷорӣ намудани технологияҳои нави иттилоотӣ босуръат ҷараён дорад. Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо барои ҳимояи хоки муқаддаси Ватан шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ беҳтар гардида, рӯз то рӯз вазъи иҷтимоиву иқтисодии хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла сарҳадбонон хубтару беҳтар гардида истодааст. Ғамхориҳои пайвастаи Роҳбарияти Олии кишварро Сарҳадбонон хуб эҳсос намуда, борҳо ва борҳо собит кардаанд, ки тамоми масъулияти бар душдоштааро сарбаландона иҷро мекунанд ва баҳри ҳифзи хоки хеш ҷони худро дареғ намедоранд. Неруҳои марзбон ягона сохторе мебошанд, ки шабу рӯз, яъне 24 соат, бедоранд. Сарҳадбонон кӯшиш мекунанд, ки сарҳади давлатиро доим дар ҳолате нигоҳ доранд, ки амнияти мардум ва давлати соҳибистиқлоламонро чизе халалдор накунад.

Рӯзу шаб дар паси сангарем,

Дидаи сарҳади кишварем.

Ҳифзсози ҳама марзу бум,

Чун сипар оҳани пайкарем.

Ман ҳамчун сарҳадбони тирамоҳи солҳои соли 2018-2019, ки баъди хатми донишгоҳ ба хизмати ҳарбӣ рафтам. Шаш моҳи хизматамро дар Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон адо намудам. Дар маркази таълимӣ курсҳои тирандозӣ ва пулемётчикиро аз худ карда, барои идома додани хизмат ба Отряди Қушунҳои сарҳадии  КДАМ дар ноҳияи Панҷ  сафарбар гардидам. Хизматро дар Отряд сарбаландона идома дода, баъди 3 моҳи дар Отряд будан бинобар вазъияти ногувори давлати ҳамсоя - Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои пурзӯр намудани сарҳади давлатии Тоҷикистон сафарбар гардида, тӯли 3 моҳаи чоруми хизматро дар онҷо сипарӣ намудам. Санаи 13 октябри  соли 2019 аз дидбонгоҳ ба Отряд баргашта, санаи 14 октябр ба хона рухсат шудам. 

Ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷавони зодаи  даврони Истиқлолият вобаста ба шароит ва ҳолати хизматро дар сафи Қушунҳои сарҳадӣ  КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд мекунам, ки шароите, дар хизмати ҳарбӣ барои сарбозон фароҳам оварда шудааст, дар хонаҳои 90 фоизи аҳолии кишвар дида намешавад. Бо давомёбии истиқлолияти кишварамон, нигоҳдории сулҳу субот ва оромии мамлакатамон инчунин, дастгирӣ ва ҳидоятҳои махсуси Роҳбари кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мусоидати бевоситаи Ҳукумти Ҷумҳурии Тоҷикистон  шароитҳо барои хизмат кардан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бениҳоят хуб ба роҳ монда шудааст. Сипосу минадории самимонаи сарбозоне, ки бо онҳо якҷо тӯли солҳои 2018 ва 2019 дар Маркази таълимии “Пойтахт”, Отряди сарҳадӣ ва дидбонгоҳи 12-уми Сипари ВКД- и Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон,  хизмати Модар- Ватанро адо намудем, ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонам.

Бояд қайд кард, ки мо ифтихор аз он мекунем, ки Истиқлолияти комил дорем ва бо хости Худованд сулҳу оромӣ дар он пойдор аст, Пешвои маҳбубу ғамхор дорем, ки ҳамеша пайи ободии давлати азизамон- Тоҷикистон аст ва инро ҳар як фарди солими ҷомеа метавонад мушоҳида кунад ва ҷавонони шуҷоу далер ва содиқ бар Ватан дорем, ки имрӯз пайи хифзи сарзамини аҷдодиямон камари ҳиммат бастаанд ва оянда низ сарҳади давлати соҳибихтиёрамонро, ки номи баланди шарафу номус ҳифз мекунанд. Ва ба ҷавононе, ки хизмати “Модар-Ватан”-ро адо накардаанд ва ё ҳанӯз фурсат нашудааст, ки адо кунанд, таъкид месозам, ки қарзи имонию виҷдонии худро фаромӯш насозед. Хамеша бо далерию шуҷоати баланд ва шарафу номуси ватандорӣ баҳри оромиву суботи сарзамини аҷдодии худ, камари ҳиммат баста, барои пойдорӣ ва пешравии абадии давлату миллати худ талош намоед. Чуноне шоир қайд кардааст:

Ба артиш оре-оре меравад мард,

Парад, афтад ба по хезад, давад мард.

Агар фахри падар бошад зи мардӣ,

Писар дар хизмати ҳарбӣ шавад мард.

Ман боварӣ дорам, ки ҷасорати ватандӯстӣ ва ҳимояи ҳифзи марзу буми кишвар дар вуҷуди ҳар як ҷавони баору номуси миллати тоҷик нуҳуфта аст. Ва онҳо ба ин боварӣ арзандаанд. Ва ин ҳам борҳо аз забони Роҳбари маҳбуби кишварамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як мулокоту суханрониҳояшон садо додаанд: “Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд”.

Сар аз сарбози қаторӣ то болотарин ҳайати роҳбарикунандаро ба ин рӯз "28- МАЙ - РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУШУНҲОИ САРҲАДӢ" мубораку тахният гуфта, барояшон ҳушёриву зиракӣ ва ҷасорату шуҷоатмандӣ дар ҳимояи сарҳади давлатӣ орзу мекунам. Сарҳадбонон борҳо ва борҳо собит кардаанд, ки тамоми масъулияти бар душ доштаро сарбаландона иҷро мекунанд ва баҳри ҳифзи хоки хеш ҷони худро дареғ намедоранд. Сарҳадбонони бо иродаи марзи номуси миллат, Шумо! ва ҷамъи дӯстонро ба ин рӯзи муборак таҳният гуфта, ба Шумо шуҷоати Восеъ, маҳорати Темурмалик,ҷасорати Спитамен ва ғурур аз Шоҳномаи Фирдавсиро таманно дорам!!!

Бо эҳтиром сарҳадбони Қушунҳои сарҳадӣ  КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  солҳои 2018-2019 Саидшо Асроров

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg