БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ...

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дӯстии халқҳо” бо иштироки мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Абдураҳмон Ҳасанов даври умумимуассисавии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.

Озмун аз рӯйи 5 номинатсия  баргузор гардида, ғолибони озмун ба ифтихорнома қадрдонӣ  ва ба даври шаҳрии озмуни мазкур роҳхат гирифтанд.

 Бояд гуфт, ки озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва умумӣ, ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама ташкилотҳои ибтидоӣ давра ба давра баргузор гардида истодаанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg