БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШУКРИ ИСТИҚЛОЛ МЕГӮЕМ

АНДЕША. Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки 30 - сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9-уми сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагию абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст. Даврони истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азизу маҳбубамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгирона, созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшад ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва баландтарин зинаи бахту саодати ҳақиқии миллатро таъмин намуд.
Ҳамаи сокинони Тоҷикистони азизу маҳбуб имрӯз ифтихор аз он доранд, ки бисту нӯҳ сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давалатӣ - Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.
Пас аз як соли эълони Истиқлолият, аниқтараш моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б.Ғафуров Иҷлосияи XVI - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро овард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ алоқамандии ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият тағйирот ворид гардид.
Нахустин ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурӣ ин оғоз намудани нақби Анзоб ба ҳисоб мерафт. Сарвари давлат дар ин кор ибтидои ҳама бунёдкориҳои роҳсозию коммуникатсияро дида, дараҷаи наҷотро дар он дарёфта буданд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони нерӯгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, тунелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.
Дар баробари кӯшишу заҳматҳои Роҳбари давлату Ҳукумат нерӯгоҳҳои хурду калони барқӣ ба кор даромаданд. Аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳҳои барқии обии “Сангтӯда-1” ба охир расонида шуд ва он айни замон ба манфиати халқ хизмат мекунад. НОБ-и «Сангтӯда-2” ва як қатор нерӯгоҳҳои дигар ба кор шурӯъ карданд. Яке аз дигар объекти стратегӣ НОБ-и Роғун ба ҳисоб меравад, ки аввалин маротиба он 16-уми ноябри соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Дар умум он аз шаш чарх иборат буда, тавоноии ҳар кадоми онҳо 600 мегаватро ташкил медиҳанд.
Доир ба раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ як қатор силсила тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шуданд, ба монанди роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ-Мурғоб, Душанбе–Рашт–Саритош, нақбҳои автомобилгарди Истиқлол, Шаҳристон, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ва нақби Шаршар. Ҳоло дар кишвар равуо ва боркашонӣ сад дар сад беҳтар гардидааст.
Бо ташаббуси Истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ расида бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд: “Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухадир, қочоқи силоҳ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват мегиранд, ки инҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расонанд”.
Аз ин рӯ моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, якҷоя хатари коҳиш ёфтани ин ҳаракатҳои номатлубро пешгирӣ намуда, барои пешрафти Ватани азизамон саҳми худро гузорем.

Раҳмон  Саидзода, раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg