БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КЎДАКОНИ НАСЛИ ХУШБАХТИ ЗАМОН

АНДЕША. Ҳамасола 1 июн ҳамчун Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон ботантана таҷлил карда мешавад. Тибқи талаботи санадҳои байналмилалӣ ва ҷумҳурии мо низ таҳти   сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кўдакон ба ғамхориҳои зиёде фаро гирифта шудаанд.

Тавре маълум аст, кӯдакону наврасон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад. Ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо ин ғамхорӣ  барои ояндаи Ватан аст, зеро насле, ки имрӯз ба таълиму  тарбияи хуб фаро гирифта мешавад, ояндасози давлати демократию ҳуқуқбунёд ва  дунявии мо хоҳад буд.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи кӯдакони ҷаҳонро бо Рӯзи байналхалқии муҳофизати кӯдакон, ки 1-июн ҷашн гирифта мешавад табрику таҳният гуфта, ба ҳамаашон осмони софу беғубор, хушбахтӣ ва саломатӣ хоҳонам.

 

Ғафуров Сайдамир, узви гурӯҳи таҳлилии назди  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg