
АНДЕША. Олимону муҳаққиқон дар корҳои илмию назариявии хеш исбот намудаанд, ки оби мусафо-тоза ба организми инсон ба мисли дору манфиат дорад.
Ҳатто аз замонҳои қадим мутафаккирон таъкид мекарданд, ки обро тоза нигоҳ доранду ба қадраш бирасанд. Муносибати мо бо табиат, хоса бо оби нӯшокиву полезӣ чи қадаре наку бошад ифодаи онро дорад, ки мо барои наслҳои ояндаи табиати зеборо ҳифз менамоему мегузорем.
Дар шароити рушди тараққиёти илму технология ва талаботи аҳолии башар ба зарфҳои яккарата боиси он гардид, ки муҳити зист хусусан об аз зарарҳои кимёвии маводҳои партов зиён набинад. Ин масъала аз ҷониби мутахассисони соҳа мунтазам таъкид мегардад, ҳатто гуфта мешавад, ки дар солҳои охир бинобар сабаби гарм омадани иқлим, яхҳо кам шуда, дар баъзан давлатҳои ҷаҳон чоҳҳои оби нӯшокӣ хӯшк гардидааст. Акнун тибқи оморҳои расмӣ як қисми муайяни аҳолии башар дастрасӣ ба обӣ нӯшиданиро надоранд. Мушкилоти норасоии обро ба назар гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2005-ум дар СММ масъалаи дастрасӣ ба оби нӯшокиро ба миён гузошта, аҳамияти муҳим нигоҳ доштани обро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалагузорӣ карданд. Оиди ин ташаббус санадҳои меъёрии дахлдор қабул гардида, дар ин масъала як қатор корҳо аз ҷониби давлатҳои аъзои СММ ба иҷро расонида шуд.
Оби тозаи нӯшокӣ барои ҳар як нафар зарур мебошад. Мо қадри оби нӯшокиро дар вақти ташна буданамон эҳсос менамоем вақте, ки мо мунтазам ба он дастрасӣ дорем қадри онро намедонему дар бораи эҳтиёт намуданаш ҳатто заррае фикр нахоҳем кард. Тасаввур кунед дар ҳоле, ки яку якбора ба оби нӯшокӣ дастрасӣ имкон надиҳад, мо чи кор карданамонро намедонем. Барои ҳамин зарур аст, ки ҳар он чизе, ки имрӯз барои мо дастрас аст мо ҳифз ва сарфакорона истифодабариашро донем.
Обро дар ҳама маврид покиза бояд нигоҳ дошт об ғизоест, ки ҳар лаҳзаву сония барои организми мо муҳим аст. Зарур аст, ки барои тоза нигоҳ доштани обҳои чашма ва зеризаминӣ, ҳар як нафар муносибати худро бо табиат эҳтиёткорона ба роҳ монад. Дар ин сурат мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки оянда насли мо аз оби мусаффо истифода хоҳанд бурд. Агар об чи қадаре, ки тоза ва мусаффо бошад, фоидааш барои организми мо низ зиёд мебошад. Аз ин рӯ мо чи қадаре имкон дорем дар бобати ҳифз ва ҳимояи сарватҳои табиӣ, бахусус об худро масъул шуморида чораҳо андешем.
Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ