БАЛҶУВОН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон ба ифтихори 26 - солагии таъсисёбии ҲХДТ дар Ҷамоати деҳоти Балҷувон Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард” доир шуд, ки дар он сокинони деҳаҳои Хироб ва Мулкон ба ҳашар баромада, баҳри ободӣ ва сарсабзии ноҳия дар канори шоҳроҳи мошингард зиёда аз 200 бех ниҳолҳои ороишӣ ва сояафкан шинониданд.
































