БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ТАБЛИҒОТИИ “ЯКҶОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ” ДАР АМАЛ

КӮШОНИЁН. Бо мақсади дастгирию кумак ба оилаҳои ниёзманд ва ба ин васила таҳким бахшидани обрӯ ва нуфузи ҲХДТ дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ” ҷиҳати кумак намудан ба оилаҳои ниёзманд, дар доираи Аксияи тарғиботӣ - амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  ба 3-нафар ниёзмандон маводи хӯрока кумак расонида шуд.

Дар рафти Аксияи мазкур Абдуллоев Мирвоҳид  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ширкат ва суханронӣ намуда, иброз дошт, ки табақаҳои эҳтиёҷманд  ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва дастгирии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд ва дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg