ЁВОН. Дар арафаи ҷашни 26- солагии таъсисёбии Рӯзи ҲХДТ дар баробари дигар чорабиниҳои оммавию варзишӣ, фарҳангию маърифатӣ семинар-машварати ҳизбӣ бо иштироки занони соҳаи маорифи ноҳия таҳти унвони “Занон тарғибгари идеяҳои созандаи ҲХДТ мебошанд” баргузор карда шуд.
Дар асл нуқтаи бисёр муҳим дар фаъолияти ҳизбӣ таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи занон мебошад. Ин дастгирӣ танҳо дар сухан ва қоғаз нест ва мо занон инро бевосита дарк мекунем. Барои ғамхорӣ ва дастгирии ҷавондухтарону занони кишвар маҳз тавассути ҳизб сидқан ва самимона миннатдории занони ноҳияро ба Пешвои миллат иброз медорем.
Зеро Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занонро пуштибонӣ мекунанд ва барои баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа ҳам заминаҳои ҳуқуқӣ ва ҳам иҷтимоӣ созмон додаанд. Имрӯз мактаби захираҳои ҳизбӣ барои бонувон имконияти воқеӣ барои интихоб ва таъин шуданро ба вуҷуд овардааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби амал буданашро исбот намудааст.