
КӮШОНИЁН. Бахшида ба 26-умин солгарди ҲХДТ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ташкилоти ибтидоии “Дандонпизишк” вохӯрӣ доир карданд.
Масъулин дар вохӯрӣ дар бораи нақши ҲХДТ дар рушду нумуи кишвар ҳарф зада, иштирокдоронро бо ин рӯзи хуҷаста табрику шодбош гуфтанд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” ба 2 нафар собиқадорони ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии мазкур туҳфаҳо супорида шуд.