КӮШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ба аёдати собиқадори ҲХДТ Шукурова Халича рафта, аз ҳолу аҳволаш пурсон шуда, кумакҳои моддиву молиявӣ расониданд. Шукурова Халича аз сиёсати Роҳбари давлат ва иқдоми неки кормандони ҳизб рӯҳбаланд гардида, сипосу миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣӣ Раҳмон баён кард.