БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

Сокинони маҳал иштирокчиёни фаъоли озмунҳои ҳизбӣ мебошанд

ҶАЙҲУН. Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар  ноҳияи Ҷайҳун дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар  ноҳия ҷиҳати амалигардонии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон бо мақсади бо тарроҳони чирадасти коргоҳи дӯзандагии «Муниса»-и ноҳияи Ҷайҳун вохӯрии судманд доир намуданд.

ҲХДТ- раҳнамоӣ мардум ба фардои ободи Ватан

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим дар муассисаи давлатии «Маркази таълимии касбомӯзии назди Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири  Хусрав дар ноҳияи Хуросон”  бо омӯзгорону ва толибилмони курси ронандагии ин марказ, ки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ-ро ташкил медиҳанд, вобаста ба самт

Сокинон барои мубориза бурдан бар зидди терроризму экстремизм омодаанд

ХОВАЛИНГ. Дар асоси ҷадвал  баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  дар деҳаи Дӯстии ҷамоати деҳоти ба номи  Ғаффор Мирзо бо иштироки  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия,  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ё. Шарифов, корманди Маркази ВНМО М. Мирзоева вохӯрӣ доир гардид.    

Вохӯрӣ дар доираи Соли тақвияти робита бо маҳал

ҲАМАДОНӢ.  Бо ташаббуси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Гадоӣ Сайдалиев ва корманди масъули Кумитаи иҷроия Муродалӣ Шамсов бо сокинони деҳаи Тагноби ҷамоати деҳоти Даштигулои ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал вохӯрӣ гузарониданд.

Хониши сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии «Сино»

ПАНҶ. Хониши сиёсӣ дар толори маҷлисгоҳи Маркази саломатии ноҳияи Панҷ бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони  ташкилоти ибтидоии «Сино» оид ба яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ - пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ бо мақсади баланд  бардоштани маърифат  ва масъулияти шарҳвандон баргузор гардид.

Хизмат ба мардум ғамхорӣ ба фардои Ватан аст!

ЛЕВАКАНТ. Дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хизматрасонии кӯмаки хонагӣ» вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант доир гардид.

Рӯ овардан ба ҳунарҳои мардумӣ-рӯ овардан ба фарҳанги миллат аст

КӮЛОБ. Дар  деҳаи  Хоноободи ҷамоати деҳоти Даҳана чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Валиева Саъбагул ва намояндаи ҷамоати мазкур Сайдаҳмадова Латофат иштирок ва суханронӣ намуданд.

Пешвои миллат- сарпаноҳи миллат аст

КУШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Кушониён  дар китобхонаи  ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ бахшида ба 27- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир ба моҳияти Истиклолияти давлатӣ ва дастовардҳои бузурги он  хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Ҳизбиён Рӯзи донишро таҷлил карданд

КӮЛОБ. Субҳи 1-сентябри  соли 2018 дар муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №13-и ҷамоати деҳоти Зиракӣ бахшида ба соли нави хониш чорабиниии идона баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева ва муовини ҷамоати деҳоти Зиракӣ Аҳророва Дилафрӯз,  инчунин омӯзгорону падару модарони толибилмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳизбиён дар рушди ҷомеа саҳми арзанда доранд

ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо саҳмдорони Ташкилоти ибтидои “Хоҷагии деҳқонии Бобогулов”  вобаста ба нуктаҳои асосии  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун барномаи мукаммали рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ маънидод карда шудааст ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  вохӯрӣ доир карда шуд.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон