КӮЛОБ. Дар деҳаи Хоноободи ҷамоати деҳоти Даҳана чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва намояндаи ҷамоати мазкур Сайдаҳмадова Латофат иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимнан Саъбагул Валиева дар баромади худ зикр намуд, ки рушди ҳунарҳои мардумӣ, бахусус кандакориву дӯзандагӣ ва рӯ овардан ба либоси миллӣ, ки муаррифгари фарҳангу тамаддун ва маданияти миллати мо мебошад, ин яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт аст, ки дар баробари рушди ҳунарҳои мардумӣ мо метавонем, буҷаи оиларо ғанӣ гардонида дар баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ саҳмгузор бошем ва инчунин, барои ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ҳунарҳои дастӣ мусоидат намоем.
Чанде аз иштирокдорон қайд карда шуд, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо барои ҳавасмандгардонии ҳунармандон ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва гирифтани пеши роҳи тақлидкории ҷавонон ба фарҳанги бегона, майл ба либоси ғайр айни муддаост.