ХОВАЛИНГ. Дар асоси ҷадвал баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар деҳаи Дӯстии ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ё. Шарифов, корманди Маркази ВНМО М. Мирзоева вохӯрӣ доир гардид.
Дар назди ҳозирин мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Ҷамолиддин Қаюмов баромад намуда, нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хатари афзояндаи терроризму экстремизм, роҳҳои пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, зарурат ва аҳамияти риояи урфу одат, анъана ва фарҳанги миллӣ, истифодаи мақсаднок аз технологияи муосир, пешгирӣ аз нашъамандию нашъаҷаллобӣ, бемориҳои сироятӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дод.
Ҳамчунин мавсуф дар бораи амали террористие, ки дар ноҳияи Данғара рух дод, сабаб ва оқибатҳои он, баромади телевизионии “Бозгашт аз ҷаҳаннам”- баромади яке аз мубалиғони ҲНИ Айёмиддин Сатторов муфассал андешаронӣ намуд.
Инчунин, дар идомаи суҳбат вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Бахтиёр Раҷабов оид ба хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир, ҳодисаи нангини дар ноҳияи Данғара ба амал омада, намаоиши телевизионии “Бозгашт аз ҷаҳаннам”, ки рӯзҳои назди дар шабакаҳои телевизионӣ пахш карда шуд, сухарнонӣ карда амалҳои нопоку муғризонаи ТТЭ ҲНИ-ро сахт маҳкум намуда, сокинонро барои мубориза бар зидди терроризму экстремизм ба ҳушёрию зиракӣ даъват кард. Б. Раҷабов иқрори А. Сатторовро дар бобати ошкор намудани дигар корҳои пасипардагии ҲНИ амали мардона ҳисобид ва бо боварӣ изҳор дошт, ки дигар саркардагони ҲНИ дер ё зуд аз карда пӯшаймон шуда, дар назди мардум аз амалҳои зидди давлату миллат анҷомдодаашон узр мепурсанд. Зеро оқибати ҳама кори баду ношоиста пушаймонист.
Баъдан намояндаи Маркази ВНМО М. Мирзоева дар баромадаш дар бораи бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз онҳо, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошад, бо овардани мисолҳо маълумоти муфассал дода, ба иштирокдорон варақаҳои таблиғотӣ дастрас намуд.
Намоиши ҳунарӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузоштаи сокинони деҳа бо номгӯ ва рангорангӣ хеле ҷолиб ва диданӣ буд.
Дар аксияи ҳизбии гузаронидашуда сокинон дар ҳамдастӣ корҳои муайяни ободонӣ ва созандагиро ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба уҳда гирифтанд.