БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- раҳнамоӣ мардум ба фардои ободи Ватан

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим дар муассисаи давлатии «Маркази таълимии касбомӯзии назди Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири  Хусрав дар ноҳияи Хуросон”  бо омӯзгорону ва толибилмони курси ронандагии ин марказ, ки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ-ро ташкил медиҳанд, вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар он Саидзода Раҳмон дар баробари тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин оид ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 27 соли соҳибистиқлолии кишвар ибрози андеша намуда, инчунин дар ин раванд  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро  мавриди баррасӣ қарор дода, иштирокдоронро барои саҳм гузоштан дар пешрафту шукуфоии Ватани маҳбубамон- Тоҷикистони азиз раҳнамоӣ кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg