БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вохӯрӣ дар доираи Соли тақвияти робита бо маҳал

ҲАМАДОНӢ.  Бо ташаббуси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Гадоӣ Сайдалиев ва корманди масъули Кумитаи иҷроия Муродалӣ Шамсов бо сокинони деҳаи Тагноби ҷамоати деҳоти Даштигулои ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал вохӯрӣ гузарониданд.

Зимнан масъулин дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал,  роҳандозии Аксияи тарғиботӣғамалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ба хотири сазовор  таҷлил намудани ҷашни таърихии  миллати тоҷик 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ  аз вайроншавии оилаҳои ҷавон ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротӣ суханронӣ карда, инчунин дар ин раванд  суханрониҳои  Аёмиддин Сатторов яке аз саркардагони  амалҳои терроритиву экстремистии ТТЭ ҲНИ, ки тариқи шабакаҳои телевизионӣ бо номи “Бозгашт аз ҷаҳаннам” пахш гардид, мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар охир масъулин аз  намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони деҳа, ки бештари онҳо ба касбу ҳунарҳои мардумӣ шавқу рағбати зиёд доранд,  аз наздик шинос шуда, ба ҳунару маҳорати баланди ҳунармандон баҳои баланд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg