БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинони маҳал иштирокчиёни фаъоли озмунҳои ҳизбӣ мебошанд

ҶАЙҲУН. Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар  ноҳияи Ҷайҳун дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар  ноҳия ҷиҳати амалигардонии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон бо мақсади бо тарроҳони чирадасти коргоҳи дӯзандагии «Муниса»-и ноҳияи Ҷайҳун вохӯрии судманд доир намуданд.

Дар вохӯрии мазкур роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар  ноҳия Фарҳод Обидзода вобаста ҳунарҳои мардумӣ ва аҳамияти он дар таърихи пурғановати миллати тоҷик муфассал суханронӣ намуд.

Бояд қайд кард, ки дар коргоҳи дӯзандагии «Муниса» 8 нафар чеварони чирадаст ба дӯхтани либосҳои миллӣ ва либосҳои дӯхтаронаву бачагонаи мактабӣ машғуланд. Тибқи гуфтаҳои роҳбари коргоҳи дӯзандагии «Муниса» Комилова Афсона танҳо дар таътили тобистонаи соли ҷорӣ зиёда аз 1000 адад либосҳои дӯхтаронаву бачагонаи мактабӣ ва 300 адад либосҳои миллии тоҷикӣ, ки метавон бозгӯи таърихи пурғановати миллат бошанд, дӯхта пешкаши муштариён гардонидаанд.

Дар фарҷом либосҳои миллии дӯхтаи чеварони коргоҳи дӯзандагии «Муниса» аз назар гузаронида шуд, ки маҳсули дасти роҳбари коргоҳи дӯзандагии «Муниса» Комилова Афсона нисбат ба дигарон афзалияти хоса дошт ва Комилова Афсона ҳамчун чевари чирадаст бо либосҳои миллии дӯхтааш сазовори пешниҳод ва иштирок дар озмуни вилоятии «Тарроҳи Хатлон»-ро дорад, ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар  ноҳияи Ҷайҳун пешниҳод мегардад. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg