КӮЛОБ. Дар доираи корҳои ободонӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар гирду атрофи бинои Кумитаи иҷроия шанбегӣ доир гардид. Дар ҷараёни ҳашари мазкур гирду атрофи Кумитаи иҷроия аз ҷониби кормандон тозаю озода гардонида шуд.
ДӮСТӢ. Вобаста ба дуруст интихоб намудани касбу ихтисос, ҷалб намудани ҷавонон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва довталабона даъват намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби роҳбари гурӯҳи ТҶҶ "Созандагони Ватан"-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Давлатова М, бо ҷавонон ва хонандагони синфҳои 10 ва 11-и МТМУ №9, суҳбату вохӯрӣ гузаронида шуд.
ДӮСТӢ. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, бо иштироки кормандони масъули Кумита ва мудири Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ дар оромгоҳи деҳаи "А. Раҷаб"-и Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл, Аксияи ҳизбии "Рӯзи ёдоварӣ" баргузор карда шуд.
ВОСЕЪ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ, аъзои фаъоли ҲХДТ, дар оромгоҳи деҳаи Шоҳбикаи ҷамоати деҳоти Тугарак Амалиёти умумивилоятии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Рӯзи Ёдоварӣ” баргузор гардид.
ВОСЕЪ. Инсон дар рӯи замин сарчашмаи ҳамаи ободиҳо, озодиҳо ва пешравию комёбиҳои ҳаёт аст. Тамоми мавҷудоти олам маҳз тавассути меҳнати фидокоронаи инсони асил арзи ҳастӣ мекунад.
ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва саҳм гузоштан дар ободии оромгоҳҳо дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Тугарак амалиёти умумивилоятии “Рӯзи ёдоварӣ” гузаронида шуд.
Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қизил-намуна” вохӯрии масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо аъзо, фаъолони ҳизб зери шиори “узви ҲХДТ будан ифтихор аст” баргузор гардид.
ВОКУНИШ. Вазъи Афғонистон дар чанд даҳсолаи охир буҳронӣ буд ва буҳронӣ боқӣ мондааст. Гузашта аз ин вазъи сиёсию низомӣ дар ин кишвар боз ҳам печидатар ва мураккабтар шудааст.
ҶАЙҲУН. Бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва дар якҷоягӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо усули “хона ба хона” дар ҳар кӯча ва маҳаллаҳои шаҳраки Дӯстӣ оид ба “тоза нигоҳ доштани роҳравҳо, гулгашту хиёбонҳо ва маданияти истифодабарии қуттиҳои партовҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.
ҶАЙҲУН. Бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ғафорова Насимахон дар Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ баҳри тақвият бахшидани фаъолияти ҳунармандии бонувон, аз ҷумла ҳавасманд намудани духтарон дар ин самт чорабиниҳои гуногуни шавқангез, сафарбар намудани аҳолӣ ба корҳои ободонӣ, рушди корҳои хонагӣ, саҳмгузорӣ дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, эҳё ва тарғиби урфу одат ва анъанаҳ
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12