БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА БАРГУЗОР ГАРДИД

ВОСЕЪ. Инсон дар рӯи замин сарчашмаи ҳамаи ободиҳо, озодиҳо ва пешравию комёбиҳои ҳаёт аст. Тамоми мавҷудоти олам маҳз тавассути меҳнати фидокоронаи инсони асил арзи ҳастӣ мекунад.

Бо мақсади саҳм гузоштан дар ободиву тозагии як гӯшаи диёри хеш сокинони ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ шанбегии дастаҷамъона баргузор намуданд.

Дар шанбегии мазкур сокинони меҳнатдӯст канори роҳҳо, ҷӯйборҳо, назди хонаҳои истиқоматӣ ва дигар ҷойҳоро аз партову хасу хошокҳо тоза намуданд, бехи дарахтонро нарм карда, гирду атрофро рӯбу чин намуданд.

Дар суҳбат бо иштирокдорони шанбегӣ, масъулини ҳизбӣ иброз доштанд, ки агар мехоҳем, ки зиндагии осоишта, рӯзгори обод, фарзандони солимфикру тансиҳат дошта бошем, пас моро лозим меояд, тозакору муҳитпарвар ва бунёдкори ҳаёти бофароғати хеш бошем. Ҳар як ҳастӣ ва ҳар қатраи обу хоки адокардаи Офаридгори созандаро поку беолоиш нигоҳ дорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg