ВОКУНИШ. Вазъи Афғонистон дар чанд даҳсолаи охир буҳронӣ буд ва буҳронӣ боқӣ мондааст. Гузашта аз ин вазъи сиёсию низомӣ дар ин кишвар боз ҳам печидатар ва мураккабтар шудааст.
Имрӯзҳо Толибон тамоми кишвари Афғонистонро ишғол карданд, низомиёни Ҳукумати Кобул, ки аз ҷониби амрикоиҳо хуб омӯхта шуда буданд, натавонистанд ҳатто пойтахти кишварашонро нигоҳ доранд.
Дар вазъи кунунии Афғонистон азбаски Тоҷикистон як кишвари ҳамҷавору ҳамсоя ва аз лиҳози геополитикӣ ҳаммарз буда, ба ин қазия худро бетараф гирифта наметавонад. Ногуфта намонад, ки таҷрибаи сулҳи тоҷиконро дар тамоми дунё меомӯзанд.
Сарвари тоҷикони ҷаҳон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан саҳми худро дар мӯътадил сохтани вазъи Афғонистон саъю талош намуда истодаанд.
Тоҷикистон чун ҳамсояи наздик ҳамеша эҳёи сулҳу суботи пойдорро дар Афғонистон ҷонибдорӣ мекард ва дар ин мавқеъ устувор боқӣ мемонад. Дар мавриди дурнамои вазъи Афғонистон, коршиносони соҳаҳои гуногун пажуҳишҳои зиёде, анҷом додаанд. Вале муҳимтарин воқеияти вазъи аслии
он аз таҳлилу баррасӣ ва пешбиниву пешгӯии коршиносон дар мавриди дурнамои равандҳои сиёсӣ берун буда, ҳар замон вобаста ба бархурди манфиатҳо ва вазъи пешомада тағйир меёбад. Бояд гуфт, ки бо таваҷҷуҳ ба нуқтаҳои зикргардида моҳияти масъалаи Афғонистонро ба таври зайл, шарҳу тавзеҳ медиҳем. Равандҳои шаклгирифтаи вақтҳои охир дар Афғонистон ва шикасти норавшани неруҳои муқовимат дар шимол баёнгари он аст, ки минтақа бори дигар мавриди таваҷҷуҳи хоси қудратҳои минтакавӣ ва фароминтақавӣ қарор гирифтааст.
Вазъи кунунии Афғонистон бо ду хусусияти хос аз даҳаи навадум фарқ мекунад. Аввалан, дар нимаи дуюми солҳои 90-ум, ки ҷунбиши "Толибон", Кобулро ишғол карда, мехостанд бо роҳи зӯрӣ сиёсаташонро дар ҷомеа татбиқ намоянд.
Мусаллам аст, ки дар сурати ба қудрат расидани ин гурӯҳ "Толибон"-и ғайрипаштун дар тасмимгириҳои сиёсии Ҳукумати оянда ҳеҷ нақше нахоҳанд дошт, ин норозигиҳо боиси парокандагӣ миёни онҳо гашта, Афғонистон дучори буҳрони навбатӣ хоҳад шуд. Тибқи мушоҳидаҳо, айни замон ҷангчӯёни ғайрипаштуни гурӯҳи "Толибон", танҳо нақши ҷангиданро иҷро мекунанд. Чунин вазъият, сохтори гурӯҳи "Толибон"-ро ба хатари парокандагӣ оварда мерасонад. Бинобар ин, эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки сарнавишти ин гурӯҳ монанди дигар гурӯҳҳои ҷиҳодии Афғонистон мегардад. Аз ҳама муҳимтар он аст, ки дар сурати маҳдуд кардани фаъолияти занон аз ҷониби гурӯҳи "Толибон" муқовимати бонувон бар зидди онҳо тақвият хоҳад ёфт. Ин муқовиматро дар пайравӣ аз ҷунбиши занони муборизи курд, занони фаластинӣ ва ҷасорати зани башонӣ, ки хезиши мардумиро ба уҳда дошт, ҳамчун намунаи ибрат барои дигар бонувони афғон шуда метавонад.
Ҳамин тавр, маҷмуи хулосаҳои зикршуда нишон медиҳанд, ки дар чунин муҳити мураккаби воқеиятҳо, чунин вазъ на танҳо барои Осиёи Марказӣ, балки барои Русия, мамолики Қафқоз ва дигар давлатҳои Шарқи Аврупо низ манбаи таҳдид хоҳад шуд.
Умаралиев А.Қ., мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар н. Кӯшониён